ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон нахуст хонум Тери Ҳакаларо барои истихдомаш ба вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ шодбош гуфта, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо аз масоили асосии робитаҳои дуҷониба мебошанд.
Дар ин мулоқот аз муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ омодааст.
Инчунин зикр шудааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.
Пурзӯр кардани иқтидори дифоӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа аз мавзӯъҳои дигари меҳварии мулоқот будааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Тери Ҳакала нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ташаккули "иқтисоди сабз” муҳим арзёбӣ кардааст.