ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ин назар аст, ки ҷаҳон бояд аз ҳуқуқи занони Афғонистон дифоъ кунад.
Сиёсатмадор дар ин бора дар шабакаи телевизионии "Россия-24" суҳбат кард. Матвиенко бар ин бовар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти вазъи занони Афғонистон имкони ҳамкорӣ бо намояндагони "Толибон"*-ро баррасӣ хоҳад кард.
"Ҳама, дар навбати аввал занон аз рушди минбаъдаи вазъ дар Афғонистон нигаронанд. Мо барои нигаронӣ асос дорем", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар зиндагии занони оддии афғон дигаргуниҳои бузург ба амал омад: онҳо дубора либосҳои сиёҳро ба бар карданду рӯйҳояшонро пӯшонданд.
Бисёр занони афғон маҷбур шуданд, ки бинобар қоидаҳои "Толибон"* корашонро тарк кунанд. Масалан, ҳузури занон дар муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо тавсия дода намешавад.
Бисёр шахсиятҳои машҳур ва занони сиёсатмадор пас аз ба сари қудрат омадани радикалҳо саросемавор Афғонистонро тарк карданд.
* - гурӯҳи "Толибон" созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.