Раҳмон бо сафари дурӯза аз Брюссел вориди Париж мешавад

Эҳтимол меравад, дар ин сафар президенти Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавияш ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз Брюссел бо сафари дурӯза озими Фаронса хоҳад шуд, дар ин бора "Ховар" дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷа иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, сафари Раҳмон ба Фаронса тайи рӯзҳои 12-14 октябр ва дар он дидору мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Фаронса Эммануэл Макрон сурат мегирад.
Зимни сафар ба Париж Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳо дар сатҳи баланд, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии "Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии "Гиме"-и Париж ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат хоҳанд кард.
Ситораҳои санъати тоҷик дар Порис ҳунарнамоӣ хоҳанд кард
Дар Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО қариб сад ҳунарманд аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Ҳайати ҳунармандон иборат аз сарояндаҳои машҳури кишвар ва гурӯҳҳои рақсӣ фардо ба Фаронса парвоз карда, Рӯзи фарҳанг бошад, 14 октябр доир мешавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 бо сафари расмӣ аз Фаронса боздид карда буд.