ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор дошт, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад, хабар додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, дар бораи баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намудаанд.
Омода намудан ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд ва тадбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин дар мулоқот тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишелро ба Тоҷикистон даъват кардааст.