ДУШАНБЕ, 11 окт – Sputnik. Камолҷон Толибзода, сардори раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи музди меҳнат ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Соли гузашта қарзи маош дар вилоят 20, 4 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд.
“Аз оғози сол то ин вақт бештар аз 600 ҳазор сомонӣ музди маоши кормандони соҳаҳои гуногун рӯёнида шудааст. Ҳоло ҳаҷми қарзи музди меҳнат зиёда аз 19 миллион сомонист”, - гуфт Толибзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд инчунин бузургтарин корхонаҳои қарздор аз кормандонро эълон кард.
"ҶСК “Комбинати маъдантозакунии шаҳраки Адрасмон” аз соли 2013 ба ин тараф аз кор бозмондааст ва аз ин ҳисоб ҳар моҳ на кам аз 200 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат меафзояд. Ҳудуди 60% -и қарзи маош аз ҳисоби ҳамин корхона аст”, - изҳор дошт Толибзода.
Ба иттилои ӯ, ҶСК “Тамохуш”-и шаҳри Исфара бо 2,5 миллион сомонӣ ва КВДК “Хуҷандводоканал”-у КВДК “Нақлиёти мусофиркашон”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби маоши кормандон беш аз 3 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.