Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад

Ин созмон чунин мешуморад, ки реваксинатсия бояд ба таъхир гузошта шавад, зеро бисёре аз мамолики дунё аз камбуди ваксина азият мекашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Витянис Андриукайтис, намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Урупо, аз кишварҳои ин иттиҳод даъват кард, ки ваксинаҳои зидди COVID-19-ро пеш аз ба охир расидани муҳлати истифода ба кишварҳои сеюм интиқол диҳанд.
Ба гуфти ӯ, ин амал имрӯз чашмрас аст.

"СҶБ аз кишварҳои аврупоӣ хоҳиш мекунад, ки ваксинаҳои дар ихтиёр доштаашонро бо Украина, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон тақсим кунанд. Аммо онҳо намехоҳанд бидиҳанд, ваксинаро дар анборҳо нигоҳ медоранд ва пас аз он ки ду ҳафта то анҷоми мӯҳлати нигаҳдорӣ боқӣ мемонад, мефиристанд", - изҳори нигаронӣ кард Андриукайтис.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ваксинаҳо намерасанд.
Аз ин рӯ, СҶБ даъват мекунад, ки то ба охир расидани эмгузаронии оммавӣ, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон анҷом наёфтааст, эмгузаронии такрориро ба таъхир гузоранд.
Ёдрас мешавем, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 шуруъ шуд. Нахуст, дар доираи барномаи COVAX ба ҷумҳурӣ ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли Ҳиндустон оварда шуд.
Сипас ҷумҳурии Чин ваксини сохти ватанӣ - CoronaVac -ро тариқи ройгон ба Тоҷикистон интиқол дод. Инчунин Амрико низ дар доираи кумаки башардӯстона ваксини Moderna фиристод.
Охирон ваксине, ки Тоҷикистон гирифт, ин "Спутник V"- и Русия буд.
Феълан, Душанбе ва ВМКБ аз лиҳози ваксигирии сокинон пешсаф ҳастанд.