ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳар як кӯшиши Иёлоти Муттаҳида барои заиф кардани қудрати "Толибон"* дар Афғонистон метавонад боиси "мушкилот барои мардум" гардад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ ба агентии "Бохтар" хабар дод.
"Мо ба онҳо возеҳ гуфтем, ки кӯшиши ноором кардани ҳукумат дар Афғонистон ба ҳеҷ кас фоида нахоҳад овард",- таъкид кард ӯ.
Илова бар ин Муттақӣ ишора кард, ки кишвар ба маъракаи ваксинзанӣ аз коронавирус ниёз дорад.
Таҳдиди "Толибон"* ба Амрико дар ҳолест, ки намояндагони ин гурӯҳ дар пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа бо намояндагони Амрико музокирот карданд.
Дар музокирот масъалаи амнияти шаҳрвандони Афғонистон ва хориҷиҳое, ки дар ин кишвар қарор доранд, баррасӣ шуд.
Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот масоиле аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, бӯҳрони башардӯстона дар ҷумҳурӣ, эҳтироми ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳо баррасӣ гардид.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия