ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки муваззаф ба аломатгузории сарҳади ду ҷумҳурӣ ҳастанд, ҷаласа баргузор кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Кабар" бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод.
Манбаъ қайд карда, ки ин ҷаласа панҷ рӯз, аз 5 то 9 октябр сурат гирифт. Ҳайатҳо дар шаҳри Исфанаи Қирғизистон мулоқот карданд.
"Гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуданд. Дар натиҷа ҷонибҳо протоколро имзо карданд",-гуфтаанд намояндагони Ҳукумати Қирғизистон.
Сиёсатмадорони қирғиз афзуданд, ки мулоқоти навбатии ҳайат дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки чунин вохӯриҳо байни кишварҳо мунтазам баргузор мешаванд.
Масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳар ду давлат ҳассос ва муҳим мебошанд.
Баъди фурӯпошии ИҶШС баъзе минтақаҳои сарҳадӣ то ҳол баҳсбарангезанд. Аз ин сабаб, аксар вақт байни сокинони маҳаллӣ муноқишаҳо сар мезананд ва марзбонон низ ба онҳо ҷалб карда мешаванд.
Муқовимати охирин бо истифодаи техникаи ҳарбӣ аз ду ҷониб дар охири моҳи апрели соли 2021 дар наздикии нуқтаи обрасонии Головная сурат гирифт.