ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Намояндаи машҳури тоҷиктабори Русия дар соҳаи варзиш, Президенти Ассотсиатсияи Ҷаҳонии Бокс (AIBA) Умар Кремлёв ду рӯз пеш ба Душанбе омад.
Мақсади сафари Кремлёв гуфтушунид бо намояндагони Федератсияи муштзании Тоҷикистон ба хотири беҳтар кардани фаъолияти ин соҳа гуфта мешавад.
Дар доираи сафари худ Умар Кремлёв аз ҷойҳои ҷолиби пойтахт дидан намуда, бо муштзанҳои тоҷик тамрин кардааст. Вай ба варзишкорони ҷавон таҷҳизот: кулоҳҳо ва дастпӯшакҳоро ҳадя кардааст.
Пас аз он, Кремлёв нишасти матбуотӣ баргузор кард ва дар он вазъи соҳаи муштзанӣ дар кишварро ба баррасӣ кашид.
"AIBA мехоҳад, ки бокс яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш Тоҷикистон гардад. Кишвари шумо варзишгарони болаёқат дорад. Мо якҷоя муштзаниро ба сатҳи баланди рушд мебарорем.
Ва ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам, то ҳар варзишгар ё мураббӣ мустақиман бо ман тамос гирад, то ягон масъаларо ҳал кунад. Ин ягона роҳест, ки мо метавонем боксро беҳтарин намуди варзиш гардонем", - гуфт президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии муштзанӣ.
Бо дастгирии AIBA Федератсияи бокси Тоҷикистон шумораи мусобиқаҳоро дар сатҳи ноҳиявӣ ва минтақавӣ афзоиш медиҳад.
"Ҳамаи ин барои оммавӣ кардани муштзанӣ ва ҷустуҷӯи варзишгарони нав амалӣ мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои кишвар машқҳои муштарак ташкил карда шаванд", - гуфт Кремлёв.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷараёни сафари ӯ ба Тоҷикистон як қатор масъалаҳои марбут ба муштзанӣ ҳал шудаанд.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои наздик семинару тренингҳо барои мураббиёни тоҷик ташкил карда мешаванд, ки ба варзишгарони тоҷик имкон медиҳад, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кунанд.
Ҳамчунин барои доварон дастрасӣ ба кумитаҳои AIBA ва мусобиқаҳои байналмилалӣ семинарҳои махсус ташкил карда мешаванд.
Умар Кремлёв мактаби бокси Тоҷикистонро олӣ номида, гуфтааст, ки муштзанҳои кишвар дар ояндаи наздик метавонанд қаҳрамони ҷаҳон шаванд.