ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Табибон вазъи саломатии Умеда Мирдадоеваро, ки аз корди дасти шавҳараш захмӣ гардид, шарҳ доданд.
Саъдулло Ҳайдаров, мудири шуъбаи наҷот ва мадҳушкунии шифохонаи клиникии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Мирдадоева то ин муддат ду дафъа ҷарроҳиро паси сар намуд ва ҳолаташ ру ба беҳбудист.
“Табибон нахуст тарафи рост ва сипас тарафи чапи шушро, ки аз зарби корд захм бардошта буданд, дӯхтанд. Умеда ҳоло ба ҳуш омадааст ва умедворем, ки ҳарчи зудтар шифо меёбад”,- зикр намуд Ҳайдаров.
Мудири шуъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ иброз намуд, ки ба ҷуз шуш, ки узви ҳаётан муҳим маҳсуб мешавад, захми корд ба дигар аъзои бадани Умеда низ расидааст, вале хушбахтона онҳо солиманд.
Мирдадоева як ҳафта ба ин тараф дар бемористони клиникии Суғд бистарӣ аст. Ӯ ва ду духтараш шаби 1 ба 2 октябр мавриди ҳамлаи падари хонадон қарор гирифта буданд.
Мақомот мегӯянд, Мансур Мирзоахмедов дар заминаи як муноқишаи оилавӣ дар дили шаб ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева ва фарзандонаш Мавзуна ва Хумрихон бо корд ҳамла карда, онҳорозахмӣ ва сипас қасд ба ҷони худ кардааст. Дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш Хумрихони 11-сола ба ҳалокат расидааст.
Мавзуна дар шуъбаи эҳёи шифохонаи шаҳрии № 1-и Хуҷанд бистарӣ аст ва баъд аз ду дафъаи ҷарроҳӣ табибон вазъи саломатии ӯро маътадил арзёбӣ мекунанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ рӯзи 5-уми уми октябр зимни сафари корияш ба Хуҷанд Мавзунаро аёдат намуд ва ба табибон дастур дод, ки табобати ин духтарчаро ройгон гузаронанд.
Мирзоахмедовҳо аз ӯзбектаборони деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Ин воқеаи мудҳиш дар хонаи истиқоматии онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳр рух додааст.
Манобеъ аз Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Мансур Мирзоахмедов омӯзгори собиқи фанни риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ ҳоло аспиранти Донишгоҳи Красноярски Русия мебошад. Бародараш Мухтор ва падараш Мавлон ҳам дар гузашта омӯзгорони донишгоҳ буданд. Далели ба ин кор даст задани ӯ барои падар ва бародараш норӯшан аст.
Феълан додситони шаҳри Хуҷанд алайҳи Мирзоахмедов бо моддаҳои 104, қисми 2 ва 32, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтиши қазия идома дорад.