ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ҷашни Меҳргон дар таърихи 17 октябр дар парки фарҳангӣ-истироҳатии Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ беҳтарини навъҳои асал ва ҳамчунин анвоъи мухталифи биринҷ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кишт мешаванд, ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷашни Меҳргон кишоварзон аз саросари Тоҷикистон маҳсӯлоти худ, аз ҷумлаи сабзавоту меваҳоро бо қимати муносиб ба фурӯш мегузоранд.
Дар ин ҷашн ҳамчунин ғизоҳои миллӣ ва саноеъи дастии мардуми тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистони ҳадаф аз баргузории ин рӯйдодҳоро эҳёи саноеъи дастӣ ва суннатҳои мардуми ин кишвар унвон кардааст.
Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷашнҳои миллии “Наврӯз”, “Сада” ва “Тиргон” ҷашн гирифта мешавад.