Муҳофизони муҳити атроф дар вилояти Челябинск талош доранд, қӯеро наҷот диҳанд, ки ҷуфташ бо наслашон фавтидааст.
Қаблан истироҳаткунандагон дар кӯли Увилди қӯи танҳоеро мушоҳида карда, бонги хатар задаанд. Маълум шудааст, ки ҷуфти ин қӯ бо номи Глаша ва наслашон фавтидаанд.
Ин қӯ, ки Гошааш ном мебаранд, бо вуҷуди сард шудани ҳаво ва парвози парандаҳо ба минтақаҳои гарм ҳеҷ азми тарки ҷои иқоматашро надорад.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар сурати идомаи чунин ҳолат қӯ дар сардии зимистон мефавтад. Аммо экологҳо мегӯянд, қӯҳо ба тағйири боду ҳаво тобоваранд.