Қарори Рустами Эмомалӣ: Аз кӯчаҳои Душанбе корвони мотосиклҳо мегузаранд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор барои баргузории маросими ҷамъбастии мотосиклронии Тоҷикистон дар пойтахт иҷозат додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Шаҳрдор ба клуби мототсиклронҳои "Ирбис МСС Тоҷикистон" иҷозат додааст, ки маросими пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ - 2021-ро баргузор намояд.
Вақти баргузории ин маросим рӯзи 16 октябр, аз соати 12:00 то 14:00 интихоб карда шудааст.
Дар қарор омадааст, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён "Наврӯзгоҳ" аз соати 12:00 то 13:00 мебошад.
“Субҳи Пирӯзӣ”: гузашти мошинҳову мотосиклҳо аз Душанбе ба Турсунзода
Сипас корвони мототсиклҳо бо мушоиати автомобилҳои БДА аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти буриши кӯчаи Карамов бо хиёбони Рӯдакӣ ба ҳаракат медарояд.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ додааст, ки сипас корвон то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, баъд гардиш ба кӯчаи Бухоро - Турсунзода, гардиш ба тарафи рост - кӯчаи Шоҳтемур ҳаракат мекунад. Самти минбаъдаи ҳаракати корвон то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комбинати хӯроквории Тоҷикистон" ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии "Боғи "Ғалаба" муайян шудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва тандурустӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.