ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз аввали моҳи январи имсол ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд.
Иттилои мазкур дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр шудааст.
Тавассути низомҳои интиқоли пул 752 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Инчунин бояд қайд кард, ки ҳаҷми миёнаи пуле, ки ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал интиқол дода шудааст, 139 доллар буда, дар семоҳои дуввум ин нишондиҳанда афзоиш ёфта ба 154 доллар расид.
Муҳоҷирон аз Русия ба Ӯзбекистон 2,27 миллиард доллар интиқол доданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз моҳи январ то март ба Ватан дар ҳаҷми 327,9 миллион доллар равон кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз моҳи июн то август тақрибан сеяк афзоиш ёфтааст.
Дар муқоиса бо интиқолҳои баҳорӣ дар давраи тобистон 30 дарсад афзоиш ба қайд гирифта шуд. Дар муқоиса бо тобистони соли 2020 интиқол аз Русия ба кишварҳои ИДМ шаш дарсад кам шудааст.
Ҳамчунин, маълум шуд, ки низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" акнун ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки пулҳои қарз гирифтаашонро аз бонкҳо ба ватанашон интиқол диҳанд.