Коронавирус дар Суғд нест, аммо як беморхона ҳанӯз дар қарантин аст: Чаро?

Дар вилояти Суғд ҳамаи гирифторони бемории коронавирус рухсат шуданд, вале як шифохонаи Хуҷанд ҳамчун макони эҳтиётӣ дар қарантин боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Масъулони Идораи тандурустии Суғд мегӯянд, ду ҳафта аст, ки шимоли кишвар аз коронавирус пок аст, вале як шифохона дар маркази вилоят ҳамчун макони эҳтиётӣ дар қарантина нигоҳ дошта мешавад.
Бино ба иттилоъи манбаъ аз Идораи тандурустии Суғд, Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда, воқеъ дар маҳаллаи 13-и Хуҷанд бо вуҷуди холӣ шудан аз вируси корона дар қарантина боқӣ мемонад.
“Хушбахтона ҳоло дар вилоят бемори коронавирус нест. Вале ҳеҷ кас намедонад, ки пагоҳ чи рух медиҳад. Барои эҳтиёт Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Суғд дар Хуҷанд дар қарантина нигоҳ дошта мешавад. Гузаштан ба реҷаи муқаррарӣ бо дастури вазири тандурустӣ сурат мегирад”, ғ гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда ва Шифохонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ду макони аслии бистарӣ намудани гирифторони коронавирус дар шимоли Тоҷикистон буданд. Ҳудуди як моҳ қабл баъди рухсат шудани беморонони гирифтори “вируси корона” Шифохонаи клиникавии Суғд ба реҷаи муқаррарӣ гузаронида шуд.
Рустам Бӯрибоев, сартабиби Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда низ рӯзи 27 сентябр ба рӯзноманигорон хабар дод, ки охирин гирифтори коронавирус шифо ёфта аз ин макон рухсат шуд.
Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз оғози бақайдгирӣ то 27 сентябр дар кишвар 17 ҳазору 84 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 16 ҳазору 960 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Таъкид мешавад, ки аз охири моҳи сентябр ба ин тараф дар кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.