ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. ДИИШ* дар саҳифаи "Телеграм"-аш расман масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро бар уҳда гирифт, Sputnik Афғонистон.
Инфиҷор ахир ҳангоми намози ҷумъа дар як масҷиде рух дод ва Пизишкони бидуни марз дар вилояти Кундуз гуфтанд, ки шумораи кушташудагон ба беш аз 50 ва шумораи маҷруҳон ба беш аз 100 нафар расидааст.
Ин аввалин ҳамлаи хунини интиҳорӣ ба масҷиди шиаҳо аз замони суқути ҳукумати пешини Афғонистон аст.
Қаблан ДИИШ* масъулияти ҳамла ба Фурудгоҳи байналмилалии Кобулро бар уҳда гирифта буд, ки дар натиҷаи он 179 нафар ба ҳалокат расид.
Гурӯҳи “Толибон”*, ки ҳоло аз амният кафолат медиҳанду назорати амниятии кулли Афғонистон дар дасти онҳост, дар соатҳои аввали ин инфиҷор гурӯҳи террористии ДИИШ*-ро айбдор кард.
"Толибон"* ҷангҷӯёни ДИ "Хуросон"*-ро, ки шохаи созмони тундрави "Давлати исломӣ"* мебошад, дар амали террористӣ айбдор кард.
Дар ин бора узви комиссияи фарҳангии "Толибон"* Муҳаммад Ҷалол дар саҳифаи "Твиттер"-аш хабар додааст.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ