ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ин мавзуъ ахиран дар гуфтугӯи Ширин Амонзода вазири меҳнат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ матраҳ шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидору гуфтугӯ сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, сармутахассиси рушди иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ, машваратчӣ, иқтисодчии калон, сармутахассиси амалиёт, роҳбари бахши рушди устувор, мунеҷери амалияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодчии калони тандурустӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ, вазъ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт, расонидани кумак инчунин, ташаббусҳои оянда барои таъмини ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон бо инфрасохтори зарурӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳар ду тараф омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.