ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Муҳоҷирон дар яке аз хобгоҳҳои Маскав заҳролуд шуданд, хабар медиҳад канали "Telegram Mash".
Тибқи иттилои расонаҳо, молики хобгоҳ пас аз занги яке аз меҳмонон, ки гуфтааст, ӯ ва ҳамсояҳояш худро бад ҳис мекунанд, ба он ҷо ҳозир шудааст.
Вақте соҳибхона ба назди меҳмонон омад, ҳеҷ кас дарро накушод, онҳо маҷбур шуданд дарро шикаста, ворид шаванд. Ҳамаи меҳмонони хобгоҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд.
Ба табибион даст дод, то се хориҷиро ба худ оранд, яке аз заҳролудшудаҳо фавтид.
Вазъи наҷотёфтагон вазнин аст; онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз ҳуҷра на шишаи холӣ ёфт шуду на ғизое.
Бино ба гузориши РЕН-ТВ, ин ҳодисаро Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқ хоҳад кард.
Кумитаи тафтишотӣ заҳролудшавӣ бо маводи нашъадори номаълумро ба унвони яке аз сабабҳои ин ҳодиса пешгӯӣ мекунад.
Хабаргузории шаҳри Маскав мегӯяд, муҳоҷири фавтида 24 сол доштааст.