ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Созмони Ҷаҳониии Беҳдошт (СҶБ) дар торномаи худ барои бори нахуст оқибатҳои ногувори бемории ковид ё синдроми баъди ковидиро шарҳ додааст.
Онро ҳамчунин COVID-и дарозмуддат низ меноманд. Ҳадди аққал 10-20 дарсади беморон ин давраро аз сар мегузаронанд.
2 сентябри 2021, 13:20
Оқибатҳои ногувори ин беморӣ пас аз се моҳи шифоёбӣ пайдо мешаванд ва тақрибан ду моҳ давом мекунанд.
Сиҳҳати инсон метавонад дар ин давра чанд маротиба хуб ё бад шавад, шарҳ медиҳанд коршиносони СҶБ.
Нишонаҳои асосии синдроми баъдиковидӣ - хастагии аз ҳад зиёд, нафастангӣ, пайдо шудани нишонаҳои ошуфтагӣ, ихтилол ва дигар аломатҳое, ки ба зиндагии ҳаррӯзаи инсон халал мерасонанд, мебошанд.
6 октябри 2021, 20:15
Пештар ғизошиноси рус маҳсулоти маъмулеро номбар кард, ки ба саломатии инсон зарар дорад.
Ин ғизо офтобпараст будааст.