Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки миллии Тоҷикистон барои тасвиби барномаи нави ислоҳот дар кишвар ба мувофиқа расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳамкории минбаъда дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайатҳои Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ҳамкориҳои муассир ва дастгирии СБП барои рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъкид кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо қайд карданд, ки паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва сустшавии рушди иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар таъсир гузоштааст.

"Дар ин росто дастгирии буҷаи кишвар дар доираи Механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби ХБА яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия ин ниҳод.

Ҷонибҳо барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Дархости кумаки молии бештари Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул
БМТ инчунин хабар дод, ки дар доираи музокирот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон бо дархости бештари маблағгузорӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ ва СБП муроҷиат кардааст.