ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири Рада (парлумон)-и Украина аз номзадии Руслан Стефанчук дар овоздиҳӣ аз миёни 450 вакил 261 нафар ҷонибдорӣ карданд.
Руслан Стефанчук ба ҷои Дмитрий Разумков, ки қаблан парлумон ӯро аз вазифааш барканор кард, ба ин мақом интихоб шуд.
Ёдрас мешавем, ки Дмитрий Разумков баъди як ихтилоф бо ҳамҳизбонаш аз ин мақом фаро хонда шуд.
Рӯзи 7-уми октябр 284 вакил, аз ҷумла 215 вакили ҳизби ҳоким барои барканории Разумков раъй доданд.
Разумков то соли 2019, замони интихоб шудан ба мансаби раиси порлумон узви Ҳизби хидматгори халқ буд.
Вай ошкоро ба зуд қабул шудани қонуне, ки ҳадафаш маҳдуд кардани таъсири олигархҳо ба сиёсату тиҷорат буд, мухолифат кардааст.