Садҳо парванда алайҳи ронандаҳое, ки ба муҳити зисти Душанбе эҳтиром нагузоштаанд

Дар пойтахти Тоҷикистон садҳо қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар байни ронандагони мошин ошкор карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 1,4 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар пойтахтро ошкор кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ин рақам дар давоми 9 моҳи охир бештар шудааст. Бепарвоӣ боиси он гашт, ки дар ин давра 14 протоколи марбут ба ифлоскунии роҳҳо тартиб ва 318 ҳолати беболопӯш кашонидани борҳои пошхуранда сабт шавад.
Илова бар ин ҳангоми гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт, ки заҳрнокии партови сӯзишвориашон (СО2) аз меъёр зиёд аст, чанд маврид ошкор шуд, ки дар ин зимн нисбат ба 1102 ронанда протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар арафаи Иди Қурбон нархҳоро ба танзим медарорад
Гуфта мешавад, санҷишҳои фаврӣ барои рафъи мушкили олудагии ҳаво гузаронида шуданд.
Хабар дода мешавад, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, санҷишҳо асосан дар даромадгоҳҳо аз чор самти Душанбе, дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои протоколӣ гузаронида шуданд.
Маълум шуд, ки ронандагон ва шахсони масъул ба қоидаҳои нави истифодабарии мошинҳо дуруст аҳамият намедиҳанд. Бинобар ин ин боиси ифлосшавии кӯчаҳо ва ҳаво мегардад.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани рейд ва санҷишҳои фаврӣ барои тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, махсусан дар соҳили дарёҳо нисбат ба 77 нафар протокол таҳия гардид.