Намоиши даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар Маскав

Намоишнома аз ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва зиндагии паноҳандаҳо мегӯяд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳафтаи равон дар Маскав намоишномаи "Хонаи ман куҷост?" -ро, ки ба паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, намоиш медиҳад.
Тибқи эълони Театри тамошобинони ҷавони Маскав, аввалин намоиши он барои ВАО моҳи январи соли 2021 баргузор шуда буд.
Навори таърихӣ: Имзои санад дар бораи хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 24 сол пеш
Тамошобинон метавонанд намоишномаро имсол боз 4 маротиба - 10 ва 29 октябр, 13 ва 27 ноябр тамошо кунанд.
Се паноҳандаи рус аз Тоҷикистон, ки аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ фирор кардаанд, дар маркази таваҷҷуҳи саҳна қарор доранд.
Се муҳоҷир бо фарҳанги бегона ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд ва дар бораи душвориҳое, ки онҳо бояд паси сар мекарданд, суҳбат мекунанд.
Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Ин намоиш аз рӯи песаи "Республика" -и Сергей Давидов, коргардон Кама Гинкас таҳия шудааст.
Нархи чипта барои роҳ ба намоиш аз 1000 рубл оғоз мешавад. Намоиш барои афроди аз 18-сола бола тавсия шудааст ва 1 соату 20 дақиқаро дар бар мегирад.