ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Белорусҳо бояд иқтисоди кишварро тақвият диҳанд, то ба муқовимати геополитикӣ тоб оранд, гуфт Лукашенко дар мулоқот бо намояндагони Иттиҳодияи ҷамъиятҳои масрафкунандагони Беларус.
"Хунукназар шудем: мо дар инқилоб ғалаба кардем, ҳоло ба истироҳат меравем. Не, азизони ман. Моро то ба зону нишондан, ғам медиҳанд. Аммо ман ба зону нишастанӣ нестам. Агар шумо мехоҳед, марҳамат, аммо бе ман. Мо аллакай худро дифоъ кардем",-гуфт Лукашенко.
Раҳбари Белорус хостори тақвияти иқтисод ба хотири дифои Ватан шуд.
"Ҳоло ба мо лозим аст, ки ин қитъаи заминро, тавре ки ман аксари вақт мегӯям, барои фарзандон ва набераҳоямон дифоъ кунем. Онҳо ҷои рафтан надоранд. Фикр накунед, ки вақте лаҳистониҳо Беларусро ишғол мекунанд (онҳо инро мехоҳанд), беларусҳо дар ин ҷо сардору раҳбар хоҳанд буд",-гуфт Лукашенко.
Сиёсатмадор афзуд, ки "агар мо дар иқтисод, дар фаъолияти "Белкоопсоюз" наҷот ёбем, мо аз ҳеҷ гуна таҳрим наметарсем, на аз лаҳистониҳо ва на аз амрикоиҳо. Мо метавонем посух диҳем".