Ҷоизаи Сулҳи Нобел насиби рӯзноманигорони русу амрикоӣ шуд

Сардабири нашрияи русии "Новая газета" Дмитрий Муратов ва рӯзноманигори филиппиниву амрикоӣ Мария Ресса сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Кумитаи Нобел ахиран эълон кард, ки Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Филиппин ва Русия сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел мешаванд.
"Айни замон, онҳо аз ҳамаи он рӯзноманигороне намояндагӣ мекунанд, ки дар шароити печида барои ормонҳои худ, яъне демократия ва озодии матбуот истодагарӣ мекунанд",- қайд кардааст Кумитаи Нобел.
Ҷоиза барои дастовардҳо дар амалиёти пойдору мустаҳкам намудани сулҳ ҳар сол аз ҷониби Кумитаи ҷоизаҳои Нобелӣ дар шаҳри Стокҳолм супорида мешавад.
Абдураззоқ Гурнаҳ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд
Дмитрий Муратов соли 1961 дар шаҳри Куйбишеви Русия таваллуд шуда, баъд аз хидмат дар артиш фаъолияташро дар нашрияи "Волжский комсомолец" оғоз карда, сипас дар нашрияи "Комсомольская правда" кор кардааст.
Солҳои 1995 сардабири "Новая газета" шуд.
Муратов аввалин шаҳрванди Русия аст, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел мешавад. Пештар ин ҷоизаиро дар замони Иттиҳоли Шӯравӣ, ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров ва собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв сазовор шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки Мария Ресса дар давоми фаъолияти рӯзноманигориаш бо шабакаҳои телевизионии CNN ABS-CBN кор кардааст.
Вай дар чанд ташаббусҳои бахшида ба озодии матбуот иштирок кардааст.
Эълони бархе аз барандаҳои Ҷоизаи Нобел
Бояд қайд кард, ки имсол 95 созмон ва 234 шахсият довталаби ҷоизаи Сулҳи Нобел буданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.
Ҷоизаи Нобел яке аз мукофотҳои боэътибортарини байналмилалӣ ба шумор рафта, ҳамасола барои тадқиқотҳои илмии бузургтарин, ихтирооти инқилобӣ ё гузоштани саҳми бузург дар рушду камоли фарҳанг ё ҷомеа дода мешавад.