Дипломати рус: "Толибон"* вазъро дар марзи Тоҷикистон назорат карда наметавонанд

Дипломати рус қайд кард, ки дар сурати ташаннуҷи авзоъ дар марзи Афғонистон Русия ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко гуфт, ки "Толибон"* наметавонанд вазъро дар шимоли Афғонистон назорат кунад.
Ин мақоми Вазорати умури хориҷӣ афзуд, ки Русия вазъи кишварро назорат мекунад.
"Бо вуҷуди ин, мо умедворем, ки ваъдаҳои "Толибон"* иҷро хоҳанд шуд",-гуфт ӯ дар муколама бо "Интерфакс".
Дар ҳоли ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Русия омодааст, иқдом кунад
Руденко ҳамчунин изҳороти баъзе фармондеҳони "Толибон"-ро дар бораи омодагии онҳо барои забти Тоҷикистон шарҳ дод.
Муовини вазири умури хориҷӣ гуфт, ки дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ҷумҳурӣ ҳам тавассути СПАД ва ҳам дар шакли дуҷониба ҳама кӯмакҳои лозима расонида мешавад.
Қаблан низ Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон иқдом хоҳад кард.
"Дар сурати ташаннуҷи воқеии вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон Русия иқдоми қатъӣ хоҳад кард”,-гуфт хонум Захарова дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи вай, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи домии онҳо қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки таниш миёни Душанбеву Кобул пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ба вуҷуд омад.
Бояд гуфт, Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон мавқеи хос дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид карданд, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати ҳамашумул, бо ҳузури ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил карда шавад.
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Вазъ дар Афғонистон моҳи августи соли равон дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* муташанниҷ шуд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дод ва аз Афғонистон фирор кард.
Аз оғози моҳи сентябр "Толибон"* ҳукумати худро эълон кард, ки он аз ҷониби ҷомеа на ҳамашумул, балки "паштуншумул" унвон гирифт ва то кунун ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо