ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарби вилоят бориши сусти борон дар назар аст. Дар шарқи вилоят асасан ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм, шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад буд.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда буда, дар бархе аз ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 18-23, дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гуфта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26, дар доманакӯҳҳо шабона 7-12 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дошта, дар баъзе аз навоҳии кӯҳистонии ин қисмати кишвар борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14, рӯзона 22-27, дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм гуфта шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дамои ҳаво дар пойтахт шабона ба 10-12 ва рӯзона ба 23-25 дараҷа мерасад.