ДУШАНБЕ, 7 окт - Спутник. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳури кишвар.
“Дар ҷараёни суҳбат президенти Тоҷикистон роҳбари давлати Русияро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, рифоҳ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатиашон орзӯ намуданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Роҳбари Тоҷикистон фаъолияти пурмаҳсули Владимир Путинро дар маснади президентии Русия ва саҳми шоёни ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ба таври хоса таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ҳамчунин ба муносибати баргузории бомуваффақияти чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Думаи давлатии Русия муборакбод намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти суҳбат президентҳо ба муколамаи худ атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ идома бахшида, ба вазъи Афғонистон дар вақти охир таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.