ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ва мудири бахши дувуми Осиё дар Вазорати умури хориҷии Русия изҳорот дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳич таниш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надорад ва авзоъ ором аст.
Оқои Кобулов дар посухи суол, ки "Маскав вазъият дар марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?", гуфт: "Ҳеҷ танише дар марз вуҷуд надорад, суҳбатҳое аз ҳар ду тараф вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир ҳама чиз онҷо ором аст ва ман иттилоъ дар хусуси ин ки иттифоқе дар марз афтода ва ё ҳар гуна даргирӣ рух дода бошад, надорам".
Ҳамлаҳои гурӯҳи “Толибон”* пас аз эълони қарори Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шиддат ёфтанд. Рӯзи 15 август “Толибон”* бидуни ҷанг вориди Кобул шуд ва президент Ашраф Ғанӣ аз ин кишвар фирор кард. Рӯзи 6 сентябр “Толибон”* назорати тамоми қаламрави Афғонистонро ғасб ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон