ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ҷониби Русия бояд ҳамаи тааҳҳудоти қарордоди худ дар ҷиҳати транзити газ ба Аврупо тавассути Украинаро иҷро кунад, гуфт Владимир Путин дар нишасти марбут ба масоили энержӣ.
"Аввалан, мо набояд ҳеҷ касро дар ҳолати душвор қарор диҳем, аз ҷумла Украинаро, сарфи назар аз ҳама лаҳзаҳои марбут ба муносибатҳои Русия ва ин кишвар. Ва дувум, мо набояд аз эътимоди “Газпром"-ро ҳамчун шарики комилан боэътимод дар ҳама ҷиҳатҳо бикоҳем",-таъкид кард президент.
Вай аз сардори Вазорати энергетика Николай Шулгинов хостааст, ки рафти иҷрои фармонро назорат кунад.
Ба гуфтаи сарвари давлат, “Газпром” ба хулосае омад, ки барои коҳиши ҳаҷм ба Украина ҷарима пардохт кунад, аммо интиқол тавассути системаҳои нави лӯлаҳо, ки аз қаламрави он намегузаранд, афзоиш ёбад.
"Аммо ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин корро накунед. Мо бояд тааҳҳудоти дарҷшуда дар шартномии транзитро пурра иҷро кунем",-афзуд Путин.
Дар вохӯрӣ президент қайд кард, ки интиқоли газ ба Аврупо тавассути хатти нави лӯла олояндагии CO2 ба атмосфераро 5,6 баробар коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Путин, афзоиши транзит тавассути системаи интиқоли гази Украина имконпазир аст, аммо ин боиси талафот барои “Газпром” хоҳад шуд, дар ҳоле ки бо истифода аз зерсохти нав солона 3 миллиард долларро сарфа мекунад.
"Ман дар назар дорам, ки барои интиқол аз таҷҳизоти муосир истифода шавад, зеро лӯлаҳои нав ва фишорро зиёд кардан мумкин аст. Иҷроӣ кардани ин амал дар системаи интиқоли газ аз тариқи Украина имкон надорад, зеро даҳсолаҳост, ки он таъмир нашудааст",-илова намуд сарвари давлат.
Дар мулоқот бо президент Борис Ковалчук, раиси “Интер РАО” масъалаи коҳиши карбонро дар ҳоле матраҳ кард, ки "тавлиди ангишт дар Олмон дар сол 27 фоизи тавозуни энергетикиро ташкил медиҳад, ҳол он ки ин мизон дар Русия ба 13 дарсад мерасад”.
"Шумо саволи дуруст додед, ки чӣ тавр метавонед барои коҳиши карбон мубориза кунед, ҳол он ко тавозуни энержӣ дар Аврупо, бахусус дар Олмон тавлиди ангишт назар ба Русия ду баробар зиёдтар аст. Дар ин сурат аврупоиҳо талош мекунанд, аз ҳисоби дигарон кор кунанд. Феълан онҳо талош доранд, ин амалро аз ҳисоби мо, Русия анҷом диҳанд",-гуфт Путин.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки муколама дар ин мавзуъ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳои бозори ҷаҳонии энержӣ идома хоҳад ёфт.
Нархи бозор бозгӯи воқеият нест
Иштироккунандагони мулоқот инчунин ба гаронии нархи газ дар Аврупо дахл карданд.
Ба гуфтаи муовини сарвазир Александр Новак, арзиши бозор вазъи воқеии бозорро инъикос намекунад. Вай тавзеҳ дод, ки тобистони гарм дар Амрикои Лотинӣ, замоне ки гази моеи Амрико ба он сӯ майл дода шуд, мунҷар ба афзоиши нархи гази моеъ дар ин ҷо шуд. Ин боиси норасоии ашёи хом дар бозорҳои дигар шуд.
Ҳамин тавр дар Аврупо норасоии захираҳо дар анборҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омад ва ин камбуд дар қиёс ба соли гузашта 25 миллиард метри мукааб арзёбӣ мешавад.
"Ҳамаи ин, албатта, омилҳои ҷиддӣ ҳастанд, аммо ман гуфта метавонам, ки имрӯз ҳам ҳаннотӣ нархҳоро хеле боло мебарад. Ва дар ин ҷо ба эҳтимоли зиёд, мо наметавонем бидуни таҳқиқи бозигарони биржа кор кунем, зеро нархи кунунӣ вазъи ҳозираро инъикос намекунад",-хулоса кард Новак.
Дар навбати худ Путин қайд кард, ки Русия метавонад бо мақсади коҳиши тақозо ва ҳаёҳӯи ҳаннотон интиқоли газро афзоиш диҳад, аммо ин корро на дар бозори Аврупо, балки дар бозори Санкт-Петербург бояд анҷом дод.
"Умуман, тиҷорати бозори газ... чандон муассир нест, зеро он хавфҳои зиёд дорад; он соат, шим ва галстук, мошин ва ҳатто нафте нест, ки дар ҳар ҷои мумкин ҳифзу нигаҳдорӣ шавад, аз ҷумла дар танкерҳо барои мунтазири шароити мусоиди бозор шудан. Газ ин тавр фурӯхта намешавад, онро чунин нигоҳ доштан мумкин нест”,-илова намуд сарвари давлат.
Вай пешниҳод кард, ки ин масъаларо бори дигар баррасӣ кунанд ва таъкид намуд, ки Русия набояд газро дар биржа ба зарари худаш фурӯшад.