Инфиҷори норинҷаки худсохт дар як мактаби динии Афғонистон: 7 нафар кушта шуд

Дар як муассисаи дигари динии Афғонистон инфиҷор рух дод, ки дар натиҷа 7 нафар кушта ва 15 тани дигар ҷароҳатдор шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар як муассисаи динии музофоти Хусти Афғонистон таркиш рух дод, хабар медиҳад "РИА Новости" бо такя ба мақомоти амниятии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса дастикам 7 нафар қурбон шуда, 15 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Зимнан намояндагони "Толибон"* изҳор доштаанд, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори норинҷаки худсохт рух додааст.
Таркиш дар Афғонистон як кӯдакро кушту се тани дигарро захмӣ кард: Амрико онро анҷом дод
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир дар Афғонистон амалҳои террористӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта дар мадрасаи Идгоҳ ҳодисаи ба ин монанд рух дод, ки дар натиҷа 12 нафар кушта шуда, 32 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт.
Ин таркишро ҷангиёни ДОИШ* анҷом доданд ва "Толибон"* аз боздошт се узви ин гурӯҳ хабар дод, ки дар таркиши мадраса гумонбар дониста мешаванд.
*-созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия