"Толибон"* амволи сиёсатмадорони собиқро барои пардохти қарзи барқ ​​мефурӯшад

Ширкати миллии барқи Афғонистон ("Брешно") қасд дорад, амволи мансабдорони собиқи Хукумати Афғонистонро барои пардохти қарзи барқ ​​фурӯшад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар пайи нигарониҳо дар бораи қатъи нерӯи барқ ​​дар Афғонистон ширкати "Брешно" тасмим гирифт, дороиҳои мансабдорони собиқро, ки пули барқро пардохт накардаанд, фурӯшад.
Ин изҳоротро рӯзи чоршанбе Сафиуллоҳ Аҳмадзай, сардори шуъбаи амалиёти Ширкати миллии барқи Афғонистон ("Брешно") гуфтааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Аҳмадзай гуфтааст, ки пас аз анҷоми раванд ва тасвиби ҳукумати муваққатӣ ("Толибон"*), ширкат ба фурӯши амволи қарзгирон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.
Миллионҳо қарз: Афғонистон аз Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки интиқоли барқро қатъ накунад
Ба гуфтаи раҳбари пешини "Брешно", иқдоми пешниҳодкардаи "Толибон*" метавонад танҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилотро ҳал кунад.

"Миқдори пул дар беҳтарин ҳолат барои пардохти бахше аз қарзи барқ ​​ҷамъоварӣ мешавад, аммо дар ниҳоят он мушкиле, ки ширкат бо он рӯ ба рӯ аст, ҳал намешавад",-мегӯяд Амануллоҳ Ғолиб, раҳбари пешини "Брешно".

Ширкати афғонӣ рӯзи душанбеи гузашта хабар дод, ки Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон 62 миллион доллар қарздор аст. Бо вуҷуди ин "Брешно" қайд кард, ки пас аз суқути ҳукумати пешин ҷамъоварии даромади нерӯи барқ ​​70% кам шудааст. Дар робита ба и, ширкат аз дафтари Созмони Милал дар Кобул кумак хостааст.
Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе гуфта буданд, ки ҳар ду кишвар кумак ба Афғонистон, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқро идома медиҳанд.
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро кам карду ба Қирғизистон дод
Дар ҳамин ҳол Назирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" гуфт, Душанбе бо вуҷуди қарздор будани ҳамсоякишвар дар фасли зимистон интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ намекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ