Манбаъ: Ширкати “Брешно” аз СММ дархости кумак кард

Манбаи наздик ба ширкати “Брешно” мегӯяд, ки ин ширкати барқрасонӣ аз намояндагии Созмони миллали Муттаҳид дар Кобул дархости кумак кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ширкати барқрасонии “Брешно” аз намояндаи СММ дар Афғонистон барои пардохти қарзи 90-миллиондоллариаш кумак хостааст. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС як манбаъ аз ин ширкат хабар додааст.
Ин ширкат ахиран дар як изҳорот эълом кард, ки қарзи Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои истифодаи қувваи барқ ​​тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад.
Миллионҳо қарз: Афғонистон аз Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки интиқоли барқро қатъ накунад
Ба иттилои манбаъ, бузургтарин қарзи ин ширкат беш аз 25 доллар дар назди Эрон аст ва ин ширкат ҳамчунин аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 11,2 миллион ва 9,9 миллион доллар қарздор аст. Ин ширкат аз Туркаманистон низ ҳудуди 5,1 миллион доллар қарз доштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон эълон карданд, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта интиқоли барқро дар фасли зимистон ба ин кишвар қатъ намекунанд.