Расонаҳо: Солеҳ пешниҳоди Ғанӣ барои фирор ба хориҷро рад кардааст

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон нақшаи фирор аз кишварро давоми як моҳ кашидааст, хабар додаанд бархе аз расонаҳои ин кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Як ҳафта қабл аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон сегонаи берун овардани пул аз ин кишвар ташкил шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии 1TV бо такя ба "Толибон"* хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, дар берун овардани пул аз Афғонистон тайи як ҳафта, пеш аз фирори Ғанӣ дастгоҳи президент, дафтари амниятӣ ва ноиби аввали ӯ Амруллоҳ Солеҳ иштирок доштаанд.
Шабакаи 1TV хабар додааст, ки Ғанӣ як моҳ нақшаи фирор аз кишварро кашид. Ба иттилои рӯзноманигорон, чархболи раисҷумҳури собиқи Афғонистон баъди бепосух мондани дархосташ аз ҷониби Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафта, аз он ҷо ба АМА сафар кардааст.
Расона таъкид кардааст, ки се соат қабл аз фирор Ғанӣ ба Солеҳ дархости ҳамроҳӣ фиристодааст, аммо ӯ рад кардааст.
"Толибон"* барои пардохти маоши кормандон комиссия таъсис додаанд
"Толибон"* қаблан талаб карданд, ки Ғанӣ пулҳои дуздидаашро баргардонад, ки ба гуфтаи намояндагони ин гурӯҳ, ҳудуди 170 миллион долларро ташкил медиҳад. Худи Ғанӣ иддао дар мавриди пулдуздиро рад кард.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар