ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Созмони амнияти миллии Афғонистон дар як паёми твиттериаш Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури фирории Афғонистон ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии ӯро ба фурӯпошии режими 20-солаи Афғонистон муттаҳам кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Сафарҳои махфии Ғанӣ ва Муҳиб ба Покистон ва дидорҳои Муҳиб бо сарони ISI дар дохили кишвар ва дар Баҳрайну Швейтсария билохира боиси фурӯпошии низом шуд",-афзуд ӯ.
Оқои Набил ҳамчунин илова кард: “Борҳо дар бораи робитаи Ашраф Ғанӣ ва тими ӯ бо ISI -и Покистон гуфта будам. Умедворам, ҳамватанони мо акнун ба хулосае омадаанд, ки Ашраф Ғанӣ бахше аз як лоиҳа будааст".
Раҳматуллоҳ Набил дар гузашта борҳо аз сиёсати Покистон нисбати Афғонистон интиқод карда, робитаҳои махфии ҳукумати Ғанӣ ва тими ӯро бо раҳбарони ISI ифо карда буд. Аммо Ғанӣ ҳеҷ гоҳ ба иттиҳомоти Набил таваҷҷӯҳ накард ва танҳо аз паи нақшаҳои худ шуд ва дар ниҳоят фирор кард ва тамоми захираҳои Афғонистонро ба бод дод.
Оқои Набил дар ҳоле Ғанӣ ва Муҳибро муттаҳам кард, ки пас аз суқути низоми Афғонистон ин афрод ҳукумат дар мулоқотҳои расмию оммавӣ Покистон ва пуштибонии он аз "Толибон"*-ро шадидан танқид карданд ва ҳатто онҳо борҳо ҳушдор доданд, ки бо "зархаридони покистонӣ" то марг меҷанганду ба Покистон иҷоза нахоҳанд дод, ки Афғонистонро тавассути ин гурӯҳ ишғол кунанд;
Аммо Раҳматуллоҳ Набилу бархе аз дигар сиёсатмадорони дигари афғонистонӣ ин шиорпартоиҳои мақомоти пешинаро "чанг барои чашми мардум" номиданд ва иддао доранд, ки бо Покистон як созишномаи махфӣ бастаанд, ки ҷузъиёти он ба касе ифшо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол ахиран Масъуд Андаробӣ, вазири умури дохилии ҳукумати собиқи Афғонистон дар паёми наве аз гуфтугӯҳои махфии Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии давлати Ғанӣ бо Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, раҳбари “Толибон”* хабар дод. "Муҳиб дар рӯзе, ки Кобул ба дасти “Толибон”* афтод, борҳо ба Ҳаққонӣ занг зад ва ҳатто ваъда дод, ки дар як гӯшаи Кобул мулоқот мекунад".
Бо ифшои ин маълумот, ки эҳтимол дорад, дар рӯзҳои наздик баҳсҳо боз авҷ гирад, маълум мешавад, ки Ашраф Ғанӣ ва мушовири амнияти миллиаш дидаву дониста ҳукумати Афғонистонро ба дасти “Толибон”* супурда, фирор кардаанд.
Ҳоло Ғаниву Муҳиб ва чанд нафар аз хешовандони дигарашон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳастанд ва дар бораи бурдани миллионҳо доллар аз Афғонистон дар рӯзи фирори Ғанӣ гузоришҳои мухталиф ба нашр расид.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон