ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сония расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр резиши барфи тар пешбинӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сардиҳои аввал барои ҳосили зироати мардум метавонанд хатар дошта бошад. Аз ин рӯ ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо даъват намудааст, ки ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили норасидаро бо алаф ва ё селофан маҳкам кунанд.
Илова бар ин аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг низ дар ин рӯзҳо мавҷуд аст.