ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин садамаи маргбор ахиран дар роҳи мошингарди Кучкак - Исфара - Гулистон рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи 68-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Кучкак-Исфара-Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “ГАЗ-330210”, бархӯрдааст.
ВУД Тоҷикистон бо таассуф хабар додааст, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 68-сола ва набераи хӯрдсолаш, ки соли таваллудаш 2011 будааст, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, мусофирони дигари ин мошин, як зани 58-сола, як ҷавондухтари 27-сола ва писари сесола, ки ҷароҳат бардошанд, низ аъзои ин хонавода ҳастанд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “ГАЗ-330210” низ дар ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи мазкурро идома медиҳанд.