ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова консерт баргузор кард ва пасон бо ҳаводоронаш суҳбат намуд.
Миёни ҳаводоронаш як духтарчаи хос буд. Ӯ бо ашки чашм ҳунарманди дӯстдоштаи худро ба оғӯш кашид.
Модари духтарча гуфт, ки духтараш Юлдуз Усмоноваро бисёр дӯст медорад ва ҳар рӯз намоз мехонад.
Усмонова дар навбати худ аз зан барои тарбияи фарзандаш изҳори миннатдорӣ кард ва ваъда дод, ки рӯзҳои наздик бо хонаводаи онҳо дар тамос мешавад.
"Фардо ё пасфардо ман, албатта, шуморо хабар мегирам. Рақами шуморо аллакай аз модаратон гирифтам, ман меоям",-ваъда дод ҳунарманд.
Духтарча бо ашки чашмон гуфт, Юлдузро интизор мешавад.