ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар Қазоқистон масъалаи ворид намудани маҳсулоти нафтӣ ва газ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилӣ.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар он кишвар Хайрулло Ибодзода ва муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шариф Худобахш бо Асет Магаумов муовини вазири энергетикаи Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии "КазМунайГаз" ва "Тенгизшевройл" иштирок доштанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридкунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкурро баррасӣ карданд.
Илова бар ин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукӣ зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ низ мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт.