ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як мусофири 31-сола ҷон бохт.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар навиштааст, ки садама шаби 3 октябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен рух додааст.
Ронандаи 22-солаи автомашинаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Спитамен бо чаҳор мусофир ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 27-метрии канори чапи роҳ сарозер шуд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи чаппа шудани мошин мусофири 31-сола, сокини ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон ронанда бо 3 мусофири дигар, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Спитамен мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.