Қодиров зимни адои савганд падарашро ёд карду ашк рехт

Рамазон Қодиров зимни маросими савгандёдкунӣ суханони падари марҳумашро ба ёд овард ва ашк рехт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Рамазон Қодиров, ки рӯзи сешанбе ба ҳайси раҳбари тозаинтихоби Чеченистон ба кор шуруъ кард, зимни суханронӣ ашк рехт.
Ӯ расман дар рӯзи зодрӯзаш ба кор шуруъ кард ва бо забони русиву чеченӣ савганд ёд кард.
Зимни суханронӣ Рамазон Қодиров аз Аҳмад Қодиров, падари худ, ки нахустин президенти Чеченистон буд, ёд кард ва гиря гулӯгираш кард.

"Ба такрор мегӯям, ки эътимоди мардуми чечен ва раисҷумҳур Владимир Путинро собит мекунам. Ман ҳама кори аз дастам меомадаро сомон медиҳам, то мардумро бо зиндагии осоишта, солим ва зебо таъмин кунам. Такрор кардани суханони падарамро дӯст медорам, ки гуфта буданд, "ҳақиқат пирӯз мешавад",-бо овози гиряолуд изҳор дошт Қодиров.

Навори суханронии Қодиров ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст. Аз навор маълум аст, ки пас аз ин суханон наздикони роҳбари тозаинтихоби Чеченистон бо чашмони пур аз ашк кафкӯбӣ мекарданд.
Дар идома Қодиров илова намуд, "ҳақиқате, ки Ҳоҷӣ Аҳмад аз он гуфта буд, пирӯз шуд".
Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бар асоси натоиҷи интихоботи президентии аз 17 то 19 сентябр баргузоршуда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 99,7 фисади интихобкунандагон овоз доданд.