Маскав ба "Толибон"* ваъдаҳои додаашро хотиррасон кард

Вазорати хориҷаи Русия бо тардид аз тааҳҳудоти "Толибон"*, ки қаблан барои таъмини амният дар ин кишвар ва минтақа эълон карда буд, ёдоварӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия вазъи ноороми Кобулро шарҳ дод.
Тавре сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова дар нишасти матбуотӣ гуфт, Маскав амали террористии гурӯҳи ДИИШ*-ро дар даромадгоҳи масҷид, дар маркази пойтахти Афғонистон маҳкум мекунад.
Захарова хотиррасон кард, ки раҳбарияти "Толибон"* итминон дод, ки аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои сеюм таҳдиди амниятӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

"Мо зарурати идомаи талошҳоро барои решакан кардани терроризм дар Афғонистон қайд мекунем",-гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Вай ҳамчунин аз номи ниҳоди дипломатӣ ва ҳукумати ин кишвар ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ баён ва ба захмиён шифои ҳарчи зудтар орзу кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ якшанбеи гузашта дар даромадгоҳи масҷиди Идгоҳи пойтахт рух дод.
Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб накардан беҳтар аст
Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, 19 ғайринизомӣ кушта ва зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар байни издиҳом, дар маросими видоъ бо модари сухангӯи "Толибон"* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рух дод.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.