Расонаҳои туркӣ: Эрдуғон кӯшиш кард, ба Путин "пора" диҳад

Рӯзномаи туркии "Cumhuriyet" дар пешниҳоди Эрдуғон ба Путин фикри пинҳоне дидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон кӯшиш кард, ба кишвардори Русия "пораи сиёсӣ" диҳад.
"Cumhuriyet" "пора" гуфта, пешниҳоди президенти Туркия дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳоро дар назар дорад.

"Эрдуғон кӯшиш кард, ин пешниҳодашро чун "корти бурд" (козырная карта), нишон диҳад, вале дар асл ин "пораи сиёсӣ" аст",-қайд мекунад нашрия.

"Cumhuriyet" афзуда, ки чунин рафти кор мавқеи Русияро нисбати кишварҳое, ки метавонистанд дар Туркия нерӯгоҳ бисозанд, дар навбати аввал нисбати Чин пурзӯр мекунад,
Ба андешаи муаллифи матлаб, чанде пеш аз вохӯрии ахир дар Сочи Путин Эрдуғонро бовар кунонд, ки ИМА бояд Сурияро тарк кунад. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки президенти Туркия бар мустақар будани низомиёнаш дар Сурия манфиатдор аст.
Чаро Путину Эрдуғон барои ҳамдигар лозиманд
"Cumhuriyet" таъкид мекунад, ки бо ин роҳ Русия ва Туркия дар ҷустуҷӯи нуқтаҳои муштараки тамос ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин ва Эрдуғон рӯзи 29 сентябр дар Сочи баргузор шуда буд.
Сарони давлатҳо иштироки эҳтимолии Русия дар сохтмони ду нерӯгоҳи атомии Туркияро баррасӣ карданд.
"Ман аз Путин пурсидам, ки оё мо метавонем ду нерӯгоҳи боқимондаро якҷоя созем? Ӯ ҷавоб дод: "Биёед сари ин масъала кор кунем", - гуфт Эрдуғон.
Дар ҳоли ҳозир Русия ба Туркия барои сохтани нахустин нерӯгоҳи атомии ин кишвар "Аккую" кумак мекунад.