"Толибон"* барои ҷангиёни ДОИШ* эъдоми даҳшатборро интихоб кард

"Толибон"* минбаъд ҷангиёни "ДОИШ"*-ро дар Афғонистон эъдом мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҷангиёни "Толибон"* дар Ҷалолободи Афғонистон ду узви ДОИШ*-ро дастгир ва қатл намуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, "Толибон"* минбаъд ҳар узви ДОИШ*- еро, ки дастгир мекунанд, ба дор хоҳанд овехт. Қаблан ин гурӯҳ аз қатли се ҷангҷӯи ДОИШ* хабар дода буд.
Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни ДОИШ* идома дорад
Ёдовар мешавем, ки муқовимати "Толибон" * бо Давлати Исломӣ * дар Афғонистон бо нерӯи нав авҷ гирифт.
Дар Афғонистон вазъият пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* бадтар шуд ва ҳамалоти ДОИШ-иҳо низ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Чанде пеш ҷангиёни ДОИШ* дар Ҷалолобод силсилатаркишҳо пиёда намуданд, ки чандин нафар қурбон шуданду чанди дигаре маъюб.
" Толибон"* борҳо тасмими худ дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳузуру бурузи гурӯҳҳои рақиб дар Афғонистонро эълон кардааст.
*ду созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия