Содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ ба беш аз 27 миллион доллар расид

Дар Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи соли равон ба арзиши яку ним миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ тавлид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин давра маҷмуи содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикстон 27,2 миллион доллар ва арзиши воридоти ин маҳсулот ба Тоҷикистон 26,6 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамчунин Вазорати саноати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин муддат 613 ҳазор тонна семент аз Тоҷикистон ба кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.
Тоҷикистон дар ду моҳ 700 ҳазор тонна семент истеҳсол кард
Тибқи омори расмии Тоҷикистон, аз назари рушди тавлидоти саноатӣ, Душанбе дар байни кишварҳои содиркунандаи ИДМ рутбаи аввалро касб кардааст.
Пас аз Тоҷикистон, Молдова бо 12 дарсад ва Беларус бо 11 дарсади рушди тавлидоти саноатӣ дар рутбаҳои баъдӣ қарор доранд .