ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Қатъ гардидани нерӯи барқ Кобулро ба фалокати башарӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард, мегӯяд роҳбари собиқи Ширкати давлатии энергетикии Афғонистон Довуд Нурзай.
Нурзай дар мусоҳиба бо агентии ANI изҳор доштааст, ки феълан чунин мушкилӣ дар Афғонистон мавҷуд нест, аммо бо фаро расидани зимистон вазъ метавонад куллан дигаргун шавад.
"Таҳвилгарон аз Осиёи Марказӣ метавонанд бинобар пардохт нашудани нархи интиқоли барқ аз ҷониби "Толибон"* онро қатъ кунанд",-изҳор доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Нурзай, соли равон Афғонистон ба хушксолӣ дучор шуд, ки ин боиси кам шудани захираҳои обӣ гашт. Ӯ мегӯяд, бо қатъ шудани нерӯи барқ тамоми Афғонистон ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон системаи миллии энержӣ надорад ва он ба нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон вобаста аст.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон