Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни ДОИШ* идома дорад

Дар Кобул задухӯрдҳо миёни ҷангиёни "Толибон"* ва ДОИШ* идома доранд. Дар зимни муноқишаи ахир толибон ҷангиёни ДОИШ"* -ро маҳв намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. "Толибон"* як гурӯҳ аз ҷангиёни ДОИШ*-ро дар Кобул нобуд карданд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба намояндаи ин ҳаракат дар Афғонистон.
Бинобар иттилои манбаъ, ҷангиёни ДОИШ* дар минтақаи Хайрхон дар зимни як тирпаронӣ кушта шуданд.
Гуфта мешавад, садои тир пас аз ду таркиш дар шимоли Кобул баланд шуд.
Теъдоди намозгузорони кушташуда дар масҷиди Кобул ба 12 нафар расид
Ин ҳамлаҳо дар ҷараёни як амалиёти вижае сурат гирифтанд, ки "Толибон"* пас аз як ҳамлаи бузурги террористӣ дар наздикии масҷиди Идгоҳ ташкил кард.
Ҳангоми маросими дафни модари муовини вазири фарҳанги "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид як маргталаб маводи мунфаҷираро тарконд, ки дар натиҷа 12 нафар кушта шуда, беш аз 30 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Вақтҳои охир задухӯрдҳо байни "Толибон"* ва ДОИШ* рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.
Қаблан намояндагони "Толибон"* изҳор эълон карда буданд, ки ба ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон иҷозат нахоҳанд дод.
*созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия