Афзоиши интиқоли маблағи муҳоҷирон дар тобистон

Интиқоли пули муҳоҷирон ба кишварҳояшон дар тобистон афзоиши бештар доштааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирон аз моҳи июн то август ба маротиб афзоиш ёфта буд, хабар медиҳад "Прайм" бо истинод ба маълумоти системаи интиқолии "Contact", ки ба гурӯҳи "Qiwi" шомил аст.
Дар муқоиса бо баҳор дар тобистон интиқол 30% афзоиш ёфт, аммо дар муқоиса бо тобистони соли 2020 гардиши интиқол аз Русия ба кишварҳои ИДМ 6% кам шуд, афзуд манбаъ.
Андозаи миёнаи интиқоли пул, тавре нашрия нишон медиҳад, 16.362 рубл аст.
Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт
Мувофиқи маълумоти ширкат, тобистони соли 2021 афзоиши назарраси ҳаҷми (37%) интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сабт шудааст.
Ҳамчунин гузориш дода мешавад, ки бештари интиқолҳо ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон сурат гирифтаанд.
Расиди калонтарини интиқоли маблағ ба номи Гурҷистон сабт шудааст: ин расид, ба ҳисоби миёна, тақрибан 39 ҳазор рубл гуфта мешавад.