ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод рафт.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар аз ҷараёни барқарорсозии токзоре дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланд шинос шуд.
Гуфта мешавад, дар мавзеи Зартеппа Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор дод, ки он дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар мавзеи “Зартеппа”, ки зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад, хоҷагидорон навъҳои серҳосили маҳаллии ангури ба иқлими минтақа мутобиқро парвариш менамоянд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақа корхонаи муштараки шарбатбарориро ба истифода дод, ки он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” дар масоҳати 3,5 гектар бунёд гардида, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад. Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардидаи он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, 5 номгӯи шарбат истеҳсол мекунад.
Дар идомаи сафари корӣ ба Муъминобод раисиҷумҳури кишвар майдони парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияро ба истифода дод.
Майдони парчам давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардида, баландии сутунпояи парчами давлатӣ 45 метрро ташкил медиҳад.
Бунёди майдони парчами давлатӣ дар қатори дигар иншоот дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.