Боздошти мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод

Як мақомдори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Комилзода Шариф, мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳангро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ замони кор дар ин муассиса ҳамроҳи сармуҳосиб Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 370 760,82 сомониро тасарруф намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Комилзода ва Бобоҷонов ин маблағро давоми солҳои 2019-2020 аз худ карда, барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф намуданд.
Гуфта мешавад, алайҳи мудири ҳамакнун собиқи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва дигарон бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ оғоз шудааст.
Боздошти мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо гумони порагирӣ
Шариф Комилзода 63 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошад.
Ӯ дар гузашта сардори шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, раиси Китобхонаи давлатии бачагона, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ низ буд.
Аз моҳи октябри соли 2011 то соли 2015 бо амри президент муовини раҳбари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2015 то боздошташ ба ҳайси мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг кор кардааст.
Дар сурати таъйиди иттиҳом Комилзода ва Бобоҷоновро 15 соли зиндон бо маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян то панҷ сол интизор аст.